Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ иддаъои сӯиқасд ба сафири арабро маҳкум кард


Маҷмаъи кулли Созмони Милал, иддаъои сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро, ки гӯё бо ҳидояти маъмурони амниятии Эрон таҳия шуда буд, маҳкум кард. Ба ин қатъномаи Созмони Милал 106 кишвар раъйи мувофиқ, 6 кишвар мухолиф ва 40 кишвар раъйи мумтанеъ додаанд. Дар ин санад агарчӣ Эронро дар тарҳрезии сӯиқасд мустақиман муттаҳам накардаанд, аммо аз он кишвар хостаанд, ба қонунҳои байналмилал эҳтиром гузорад ва дар таҳқиқи қазия ҳамкорӣ кунад. Муҳаммад Хазоӣ, сафири Эрон дар Созмони Милал, қатъномаи Маҷмаъи кулли Созмони Милалро беасос ва таҳияшуда бар асоси иддаъоҳои бепояи як узви созмон хонд, ки ба гуфтаи ӯ аз қадим бо Эрон душманӣ дорад. Мақомоти Амрико моҳи гузашта гуфтанд, тарҳи сӯиқасд ба ҷони Одил ал-Ҷубайр, сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро ошкор карданд. Эрон иддаъоҳо доир ба тарҳрезии сӯиқасдро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG