Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдор аз эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, авзоъи бӯҳронӣ дар Сурия метавонад ба ҷанги дохилӣ табдил ёбад, вале гуфт ӯ, пешбинӣ намекунад, ки ҷомеаи байналмилалӣ, онгуна ки дар Либия мудохила кард, дар Сурия амал кунад. Дар Либия, нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии НАТО дар як амалиёти ҳавоӣ дар ҷанги шӯришиён алайҳи Муаммар Қаззофӣ кӯмак карданд. Рӯзи ҷумъа, Алан Жупе, вазири умури хориҷии Фаронса, аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост, алайҳи Башшор Асад - раисиҷумҳури Сурия, иқдом кунад ва афзуд, фурсати он расидааст, то барои саркӯбии бераҳмонаи тазоҳуроти зиддавлатӣ таҳримҳо алайҳи режими ӯ тақвият дода шавад. Алан Жупе баъди дидор бо Аҳмад Довудоғлу, ҳамтои туркаш дар Анқара сӯҳбат кард, ки ӯ дар навбати худ аз хатари бурузи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG