Пайвандҳои дастрасӣ

"Даъват"-и сафири Русия ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев

Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев

Муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз инъикоси якҷонибаи қазияи халабонҳо дар матбуоти Русия ва боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Маҳмудҷон Собиров дар гуфтугӯ бо Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, ки бо даъвати ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт, гуфт, инъикоси якҷонибаи қазияи ду халабони ширкати русӣ ва изҳори назари бархе аз мақомоти Русия ба равобити ин ду кишвар таъсири манфӣ гузоштааст.

Оқои Собиров аз он ки ба қазияи ду халабони ширкати русӣ – Владимир Садовничий ва Алексей Руденко рангу бӯи сиёсӣ додаанд, изҳори таассуф намудааст. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, ин қазия як баҳси додгоҳиву ҳуқуқӣ аст, на сиёсӣ.

Ӯ афзудааст, бо таваҷҷӯҳ ба равобити таърихӣ ва дӯстони Тоҷикистону Русия ин гуна қазияҳо бояд аз роҳи гуфтугӯ ва дар чаҳорчӯби қавонини ду кишвар ҳалли худро пайдо бикунанд.

Муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин аз қазияи боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ёдоварӣ карда ва гуфтааст, ин амалкарди маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Русия равобити Тоҷикистону Русияро халалдор месозад. "Амалҳои сохторҳои дахлдори Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба сатҳи муносибатҳои дуҷониба зарар расонданд ва амалҳои зараровари онҳо то ҳол идома дорад",-гуфтааст ӯ.

Ба қавли вай, то кунун бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилоёти Маскаву Ленинград бархӯрди номуносиб сурат гирифтааст.

Маҳмудҷон Собиров гуфтааст, ҳоло мақомоти додгоҳҳои кишвар қазияи Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро, ки ба ҳаштуним солии зиндон маҳкум шудаанд, бозбинӣ мекунанд. Вай афзудааст, дар наздиктарин фурсат қарори мувофиқ содир хоҳад шуд. Оқои Собиров дар ин гуфтугӯи худ баён дошта, ки бо вуҷуди танишҳо миёни Душанбеву Маскав, Русия “дӯсти стратегӣ”-и Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, ба ҳалли қазияи халабонҳо ва муҳоҷирони тоҷик изҳори умедворӣ карда ва гуфтааст, ки нигарониҳои ҷониби Тоҷикистонро ба раҳбарияти кишвари худ мерасонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG