Пайвандҳои дастрасӣ

К. Затулин: “Дар изҳороти Дума ҳарфе аз раводид нест”


Константин Затулин

Константин Затулин

Вакили саршиноси Думаи давлатӣ иҳзороти ахири ин ниҳод ва баҳс бо мақомоти Тоҷикистонро шарҳ дод.

Муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ва равобит бо ҳамватанон Константин Затулин мегӯяд, тарафдори ҷорӣ кардани раводиди сафар барои шаҳрвандони Тоҷикистони нест, аммо Русия бояд дар муносибат бо Осиёи Марказӣ дар лаҳзаҳои зарурӣ сахтӣ нишон диҳад.

Вай ҳамчунин гуфт, мухолифи боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аст, зеро онҳо гуноҳ надоранд. “Агар мо чунин тасмим, ки гирифта бошем, бояд ошкоро бигӯем, ки ин иқдомест дар робита ба ҳукми халабонҳои боздоштшуда дар Тоҷикистон. Вале умуман, вақте мо онҳоеро ҷазо медиҳем, ки гуноҳ надоранд, симои Русия ҳамчун кишвари одил зери суол меравад. Ман фикр мекунам, ин корҳо начандаон дурустанд ва ҳукумат бояд масъулияти онро бар дӯш бигирад.”

Ҷаноби Затулин афзуд, “агар зарурати ҷорӣ кардани раводиди сафар ба Русия дар
Чизе, ки Онишенко дар бораи тоҷикон гуфт, яъне бояд вуруди онҳоро ба Русия комилан манъ кард, як аҳмақист дар марзи таҳқир ва ҷиноят...

миён аст, бояд пеш аз ҳама бояд дар робита ба нотавонии мақомоти Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ҷорӣ гардад. Пас чаро мо дар ин ҳама сол ба ин чора рӯй наовардем? Рафтори мо аҷибу қариб аст. Аз як сӯ мехоҳем, ки Тоҷикистон бо мо равобити дӯстона дошта бошад, зеро мо ба ҳамгироӣ дар қаламрави Шӯравии пешин майл дорем. Мо наметавонем ба сӯи ҳамгироӣ ҳаракат кунем ва ҳамзамон нуқтаи назари бегонаситезиро дар кишвари худ равнақ диҳем. Худро аз фазои пасошӯравӣ ҷудо кардаву бо ҳамин фазо орзуи ҳамгироӣ доштан номумкин аст. Бояд муштаракан зидди қочоқи маводи мухаддир мубориза кард. Бояд ба Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ кӯмак кард, ки он ҷо барои мардум ҷои кор фароҳам оварда шавад. Агар зарур ояд, раҳбарони фосиди кишварҳои ИДМ-ро, ки маблағҳоро аз худ кардаву чизе барои мардум ба вуҷуд намеоранд, аз пуштибонии сиёсӣ маҳрум кард. Вале вақте ки ба ҷои ин мо вокуниши дерраси худро ба сари мардуми бегуноҳ бор мекунем, дурустии кори мо зери шубҳа меравад.”

Радиои Озодӣ: То ҳол танҳо Медведев дар бораи муҳоҷирон изҳори назар кардааст, вале чаро Путин сокит аст?

Константин Затулин: Вай на танҳо дар ин мавзӯъ сукут ихтиёр кардааст. Ба фикрам, вай як шеваи кори муайянро баргузидааст. Бо эҳтиром ба салоҳиятҳои президент Путин барои бозгашт ба ин мақом омодагӣ мегирад ва намехоҳад, намунаи дахолат ба кори президентро ба вуҷуд орад. Вай нуқтаи назари худро дорад. Ва на танҳо дар масъалаи Тоҷикистон, балки дар маврди Либия низ. Ба назарам, вай ба он чанд моҳи боқимондаи кори раҳбарияти феълӣ ботаамул нигоҳ мекунад.

Радиои Озодӣ: Дар ин ҳама валвалаи охир шахсе, ки аз худ хотираи нофорам боқӣ мегузорад, Онишенко аст, ки ба ҳайси “санитари сиёсии Русия” рӯи саҳна омад ва мисли таҳдиди майи гурҷӣ дар авҷи низоъ бо Гурҷистон аз тандурустии тоҷикон ҳушдор дод.

Константин Затулин: Ба Онишенко, бино бар мушоҳидаҳои ман, нақшаш писанд афтод ва ӯ дар ин нақш ҳазм шуд. Ман намедонам, ин супориш буд ё ташаббуси шахсӣ. Чизе, ки ӯ дар бораи тоҷикон гуфт, яъне бояд вуруди онҳоро ба Русия комилан манъ кард, як аҳмақист дар марзи таҳқир ва ҷиноят. Зеро ҷаноби Онишенко нахост аввал ба оморе бингарад, ки сатҳи баланди СПИД дар куҷост ва он ҷо аслан на Тоҷикистон аст. Ба фикри ман, вай қобилияти дарки инро надорад, ки агар мо вуруд аз Тоҷикистонро манъ кунем, пас бояд бо вуруди қирғизҳо, қазоқҳо ё узбакҳо, ки дар як Иттиҳоди Авруосиё қарор дорем, чӣ бояд кард?

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро дар доираҳои сиёсии Русия дар ин ҳама ғавғо садои онҳое шунида намешавад, ки ҳамфикри Шумо бошанд?

Константин Затулин: Бидуни шарҳ. Ман фақат як чизро мегӯям, ки парвандаи халабонҳо набояд барои ҳеҷ кас барҳадар гузарад – на барои мақомоти тоҷик ва на барои мақомоти мо, ки дар байни ним сол ба даҳон об гирифта, ё бадтар аз ин – аслан намедонистанд, ки чӣ хабар аст. Аммо он чӣ набояд рӯй диҳад ин аст, ки набояд ба муносибати байни халқҳои мо зарбае ворид шавад. Ва на танҳо дар муносибат бо Тоҷикистон. Зеро таҳшини талхи он ба ҳама асар хоҳад кард. Ин ҳисси бегонаситезӣ дар Русияро ташвиқ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG