Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи “Зарафшон”-и Панҷакент ғолиби сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон шуд.

Бозии мавқуфмондаи “Зарафшон” бо “Ҳулбук”-и Восеъ мебоист рӯзи 15-уми ноябр дар шаҳри Панҷакент баргузор мешуд, вале меҳмонон ба ин бозӣ ҳозир нашуданд.

Бинобар ин, ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, “Зарафшон” бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд. Се имтиёзи охирин ба “Зарафшон” имкон дод, ки мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дорад.
Футболбозони Панҷакент бо 59 имтиёз мақоми аввалро касб карданд ва бо медалҳои тиллои Федератсиюни футболи Тоҷикистон сарфароз мешаванд. Инчунин онҳо соҳиби роҳхати аввал ба сабқати лигаи олии кишвар шуданд.

Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор низ бидуни бозӣ се имтиёз гирифт. Зеро рақибаш – тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ аз қувваозмоӣ даст кашид ва мизбонон – футболбозони ноҳияи Фархор бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуданд.

“Ҳосилот”, ки бо 58 имтиёз ҷои дуввумро азони худ кард, барандаи медалҳои нуқра ва роҳхати дуввум ба сабқати лигаи олӣ гардид.
Барои медалҳои биринҷӣ ва роҳхати севум ба лигаи олӣ – се даста - “Ҳулбук”-и Восеъ, “Сабо”-и Шаҳринав ва “Ситора”-и Рӯдакӣ мубориза мебурданд.

“Сабо”, ки дар бозии охиринаш 18-уми ноябр дар меҳмонӣ бар дастаи “Данғара”-и ноҳияи Данғара бо ҳисоби 5:3 ғолиб омад, бо 52 имтиёз мақоми севумро касб кард ва соҳиби медалҳои биринҷӣ ва роҳхат ба лигаи олӣ шуд.

“Ҳулбук”, ки бозиҳояшро анҷом додааст, алъон бо 51 имтиёз дар ҷои чаҳорум мебошад.

“Ситора”, ки 49 имтиёз дорад, дар зинаи панҷум қарор гирифтааст. “Ситора”, ки дар бозии охирини мусобиқот 23-юми ноябр бо тими “Кӯктош” қувваозмоӣ мекунад, дар сурати пирӯзӣ аз “Ҳулбук” мегузарад, вале аз “Сабо” гузашта наметавонад, зеро ки ғалабаи шаҳринавиҳо бештар ва таносуби тӯбҳояшон низ хеле беҳтар аст.

Бозии охирини мавқуфмонда миёни дастаҳои “Вахши зарнисор” - “Кӯктош” 20-уми ноябр баргузор мешавад, вале натиҷаи он мавқеи дастаҳоро дар ҷадвал тағйир намедиҳад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) бо 22 гол дар ҷои аввал мебошад. Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 20 гол дар ҷои дуввум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Зарафшон” (Панҷакент) 26 18 5 3 58-22 59
2. «Ҳосилот» (Фархор) 26 18 4 4 50-20 58
3. «Сабо” (Шаҳринав) 26 16 4 6 72-29 52
4. «Ҳулбук» (Восеъ) 26 15 6 5 64-31 51
5. «Ситора” (Рӯдакӣ) 25 14 7 4 47-19 49
6. “Румӣ” (Румӣ) 26 15 2 9 64-37 47
7. «Пахтакор» (Қубодиён) 26 12 5 9 49-41 41
8. «Вахши зарнисор» (Вахш) 25 10 6 9 44-40 36
9. «Саройкамар» (Панҷ) 26 10 4 12 35-39 34
10. «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 24 8 3 13 32-43 27
11. “Данғара” (Данғара) 26 7 5 14 33-40 26
12. “Локомотив” (Душанбе) 26 5 2 19 24-72 17
13. “Ҷавонон” (Турсунзода) 26 3 3 20 15-77 12
14. Рашт” (Рашт) 26 1 0 25 7-84 3

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG