Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори балуҷистонӣ дар ИМА паноҳандаи сиёсӣ шуд


Як хабарнигори покистонӣ дархости худ барои паноҳандагии сиёсӣ дар Амрикоро бо рабуда ва кушта шудани ҳамқаламҳояш дар вилояти Балуҷистон марбут кард.

Сироҷ Аҳмад Малик, ки ахиран дар ИМА паноҳандаи сиёсӣ шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, хабарнигорони зиёде дар Балуҷистон рабуда ва ҷасадҳои онҳо бо захми тир ошкор шудаанд.

Ба гуфтаи хабарнигор, ин вазъ дар Балуҷистон ҳашт-нӯҳ соли ахир идома дорад ва аммо тайи 15 моҳи ахир бадтар шудааст. “ Барои куштори хабарнигорон касе муҷозот нашудааст, аз ин рӯ ҳадс зада мешавад, ки дар ин одамрабоиву куштор мақомоти маҳаллӣ даст доранд”, изҳор намудааст Сироҷ Аҳмад Малик.
XS
SM
MD
LG