Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин нишасти расмии гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин


Дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон муаррифӣ шуд.

Дар ин нишаст гурӯҳ барномаи кори худ барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти пешомада – ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русияро эълон намуд. Ба гурӯҳ асосан зиёиёни тоҷик – ҳунармандону донишмнадону хабарнигорон шомилан ва раёсати онро таяигари маъруф Барзу Абдуразоқов бар дӯш дорад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон мехоҳад бо халабонҳои маҳкумшуда – Садовничий ва Руденко дидор дида,аз вазъи онҳо огоҳ шавад ва як ҳайатро барои сӯҳбат бо мақомоти марбутаи Русия ба Маскав фиристад.

Таъқиби муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия баъди он шурӯъ шуд, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ, марзшиканӣ ва нақзи меъёерҳои байнулмилалии парвозҳо барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард. Ин ҳукм боиси хашму ғазаби мақомоти Русия шуд.
XS
SM
MD
LG