Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони Лигаи кишварҳои араб ба Димишқ мераванд


Аҳмад Довудоғлу

Аҳмад Довудоғлу

Димишқ барои ҳузури нозирони Лигаи кишварҳои араб дар Сурия иҷоза додааст. Ва аммо, ба гуфтаи Набил ал-Арабӣ, раиси Лигаи кишварҳои араб, мақомоти Сурия барои ҳузури ин нозирон чанд шарт гузоштаанд, ки айни ҳол омӯхта мешаванд.

Имрӯз вазъи Сурия дар мулоқоти вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу бо ҳамтои фаронсавияш Ален Жюппе дар Истамбул баррасӣ шуд.

Дар ин мулоқот Довудоғлу аз хатари ба ҷанги шаҳрвандӣ печидани низоъ дар Сурия ҳушдор дод. Ба гуфтаи ӯ шумораи низомиёне, ки ба сафи мухолифин мепайванданд, афзоиш меёбад ва онҳо ҳарчӣ бештар бо нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳур Башор Асад вориди набард мешаванд.

Дар ҳамин ҳол таъқибу саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар Сурия идома дорад ва бар асари ин рӯзи гузашта, ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳашт нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG