Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: Итиҳодияи иқтисодӣ то соли 2015 ташкил мешавад


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, имрӯз изҳор намуд, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё то соли 2015 таъсис хоҳад шуд.

Изҳороти Медведев дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва сарвари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Кремлин садо дод.

Имрӯз сарони се кишвар дар Маскав Эъломия оид ба ҳамоиши иқтисодии АвроОсиё ва Созиш дар бораи Комиссиюни иқтисодии АвроОсиёро имзо карданд.

Дар Эъломия гуфта шудааст, ки гузариш ба марҳалаи навбатии ҳамкорӣ - ба таъсиси қаламрави ягонаи иқтисодӣ дар чаҳорчӯби меъёр ва принсипҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат сурат мегирад ва ин ниҳод барои вуруди дигар кишварҳо боз хоҳад буд.

Ҳадафи се кишвар - Русия, Белорус ва Қазоқистон таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё унвон шудааст.

Комиссиюни иқтисодии АвроОсиё аз 1 январи соли 2012 ба кор шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG