Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раисиҷумҳури пешини Филиппин Глория Арройо имрӯз боздошт шуд.
Сарвари пешини кишвар дар фасод ва тақаллуби натоиҷи интихобот айбдор мешавад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, хонум Арройо дар ҳоле боздошт шуд, ки дар як бемористони шаҳри Манила табобат меёфт.

Ба иттилои тафтишот, соли 2007 бо дастури Глория Арройо тақаллуби оммавии натоиҷи интихоботи парлумонӣ ба нафъи ҷонибдорони раисиҷумҳур сурат гирифт. Ӯ ҳамчунин дар сарфи беҳудаи буҷаи давлат муттаҳам шудааст. Ва аммо хонум Арройо ин ҳама иттиҳомро рад мекунад.

Глория Арройо аз соли 2001 то соли 2010 раисиҷумҳури Филиппин буд. Хонум Арройо аз ин пеш чанд бор дархост карда буд, ки ба ӯ иҷозаи муолиҷа дар хориҷи кишварро диҳанд ва аммо ҳукумат, бо вуҷуди тасмими мусбии Додгоҳи Олӣ, ба раҳбари пешин иҷозаи берун рафтан аз Филиппинро надод.
XS
SM
MD
LG