Пайвандҳои дастрасӣ

Довудоғлу: Низоъ дар Сурия ба ҷанги шаҳрвандӣ мепечад


Аҳмад Довудоғлу

Аҳмад Довудоғлу

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия аз хатари ба ҷанги шаҳрвандӣ печидани низоъ дар Сурия ҳушдор дод.

Ба гуфтаи ӯ шумораи низомиёне, ки ба сафи мухолифин мепайванданд, афзоиш меёбад ва онҳо ҳарчӣ бештар бо нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳур Башор Асад вориди набард мешаванд.

Дар ҳамин ҳол таъқибу саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар Сурия идома дорад ва бар асари он рӯзи гузашта, ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳашт нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ба ҳалокат расиданд.

Ахиран Лигаи кишварҳои араб аз Димишқ талаб кард, ки дар муддати се рӯз ба хунрезӣ хотима бахшад.
XS
SM
MD
LG