Пайвандҳои дастрасӣ

Лигаи миллӣ дар интихоботи Мянмар ширкат мекунад


Аун Сан Су Чжи

Аун Сан Су Чжи

Раҳбари мухолифини Мянмар, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи имрӯз изҳор намуд, ки ҳизби ӯ - Лигаи миллӣ барои демократия дар интихоботи миёнадавраӣ ба парлумон ширкат хоҳад кард.

Соли 1990 ин ҳизб дар интихобот пирӯз шуда буд ва аммо мақомои низомии Мянмар натоиҷи он маъракаи сиёсиро лағв карда буданд. Баъд аз ин хонум Су Чжи солҳои тулонӣ дар ҳабси хонагӣ буд. Соли гузашта мақомоти низомии Мянмар эълом доштанд, ки барои эҳёи батадриҷи демократия талош мекунанд. Ба думболи ин Аун Сан Су Чжи аз ҳабс озод шуд.

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хабар дод, ки моҳи оянда вазири умури хориҷии кишвар Ҳилларӣ Клинтон ба Мянмар сафар мекунад – ин нахустин сафари раҳбари идораи сиёсати берунаи Амрико ба ин кишвар дар панҷоҳ соли ахир хоҳад буд.

Обама дар нишасти сарони кишварҳои узви АСЕАН – Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷазираи Балии Индонезӣ гуфт, ки "агар Мянмар барои гом ниҳодан дар роҳи ислоҳот муваффақ нашавад, минбаъд ҳам ба таҳримҳо ва инзивоъ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ва аммо агар аз вазъи феълӣ истифода кунад, он вақт ба мусолиҳаи миллӣ даст меёбад ва миллион нафар имкони зиндагӣ дар шароити озодиву шукуфоии бештарро пайдо мекунанд".

Ахиран раҳбарони кишварҳои узви АСЕАН тасмим гирифтанд, ки соли 2014 раёсати ин созмон бар дӯши Мянмар вогузор шавад.
XS
SM
MD
LG