Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз дар нишасти Шӯрои мудирони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар шаҳри Вена тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ мешавад.

Ин санад, ки ҳадафаш мӯътақоид сохтани Теҳрон барои ироъаи ҳама иттилои зарурӣ оид ба барномаи ҳастаист, ахиран аз сӯи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба шумули Олмон пазируфта шуд. Дар қатънома аз мақомоти Эрон даъват шудааст, ки дастрасии коршиносони байнулмилалӣ ба ҳама иттилоъ дар бораи муассисаҳои ҳаставию кормандони онҳоро таъмин кунанд.

Юкия Амано, раиси МАГАТЭ, пешниҳод кардааст, ки ба хотири рӯшанӣ андохтан ба бархе масоили марбут ба бахши низомии барномаи ҳастаии Эрон як ҳайати воломақом ба Теҳрон фиристода шавад.
XS
SM
MD
LG