Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон ба Мянмар сафар мекунад


Обама ва Клинтон дар долонҳои нишасти АСЕАН
Обама ва Клинтон дар долонҳои нишасти АСЕАН
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, моҳи декабр ба Мянмар сафар мекунад – ин нахустин сафари раҳбари идораи сиёсати берунаи Амрико ба ин кишвар дар панҷоҳ соли ахир хоҳад буд.

Дар ин бора Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар нишасти сарони кишварҳои узви АСЕАН – Созмони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хабар дод. Ин нишаст дар ҷазираи Балии Индонезӣ идома дорад.

Обама гуфт, ки Амрико мехоҳад аз шонси таърихӣ ба хотири тағйирот дар Мянмар, ки он ҷо то ҳамин авохир диктатураи низомӣ ҳукмрон буд, истифода кунад. Ӯ афзуд, ки "агар Мянмар барои гом ниҳодан дар роҳи ислоҳот муваффақ нашавад, минбаъд ҳам ба таҳримҳо ва инзивоъ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ва аммо агар аз вазъи феълӣ истифода кунад, он вақт ба мусолиҳаи миллӣ даст меёбад ва миллионҳо нафар имкони зиндагӣ дар шароити озодиву шукуфоии бештарро пайдо мекунанд".

Ахиран раҳбарони кишварҳои АСЕАН аз тасмими раёсати Мянмар дар ин созмон дар соли 2014 пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG