Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти мухолифини сиёсати иқтисодии ИМА дар Ню-Йорк


Рӯзи панҷшанбе дар Ню-Йорк беш аз дусад нафар аз фаъолони ҷунбиши “Уолл-Стритро забт намо” боздошт шуданд.

Тақрибан ҳазор нафар бо шиорҳои “Биржа баста аст!” “Ин хиёбони кист? Ин хиёбони мост!” “Мо 99 дар садем!” талош карданд, ки бинои Биржаи саҳҳоми Ню-Йоркро муҳосира кунанд. Миёни эътирозгарон ва полису кормандони биржа бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Маъракаи зидди сиёсати иқтисодии вукумати Амрико ду моҳ боз идома дорад. Фаъолони ҷунбиши “Уолл-Стритро забт намо” тавассути интернет аз ҷонибдорони худ дар Белгия, Олмон, Италия, Лаҳистон ва Испания даъват карданд, ки ба хиёбонҳо бирезанд.
XS
SM
MD
LG