Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» баргузор шуд.

Ин гурӯҳ барномаи кор ва ҳадафҳои худро барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти пешомада эълон намуд. Ин гурӯҳи тозатаъсис қасд дорад дар марҳилаи аввал тавассути муроҷиат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсиятҳои таъсиргузор ва расонаҳои Русия, дар ҳалли ин мушкил мусоидат намояд.

Гуруҳи мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон мегӯяд, ҳадафи умдаи он аз ҷумла коҳиши шиддати ташаннуҷ миёни Душанбе ва Маскав ва ба сурати оддӣ боз гардонидани вазъи муҳоҷирон аст.

Барзу Абдурразоқ

Барзу Абдурразоқ

Барзу Абдуразоқов, ҳамоҳангсози Гуруҳи мусоидат ва ҳунамарди маъруфи тоҷик зимни муаррифии аҳдофи ин гуруҳ ва барномаи амали он гуфт: «Мо дар чунин вазъияте, ҳаққи хомӯш нишастан надорем. Мо наметавонем тамошогари ин саҳна бошем ва бетараф бинишинем. Мо медонем, ки сарнавишти Садовиничий ва Руденко ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Шояд онҳоро истирдод кунанд ва шояд ҳам афв намоянд. Ҳар чӣ ҳам бошад, акнун фурсате пеш омадааст, ки миллионҳо ҳамватани мо чун сикаи табодулӣ дар дасти гурӯҳҳои сиёсӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳоло фурсате пеш омадааст, ки як қишри осебпазири миллати мо дар кишвари дигар солҳо гирифор хоҳад монд. Мо ба бозгардонидани онҳо даъват намекунем. Рӯи сухани мо ба ҷомеаи Русия ва ба ҷомеаи Тоҷикистон аст. Мо талош мекунем, ки шиддати ба вуҷуд омада дар муносибатҳо коҳиш пайдо кунад. Ҳар чӣ дар имкон ва ихтиёри мо ҳаст мо аз он истифода мекунем. Ман аз ҳамаи шаҳрвандон, аз онҳое, ки ба тақдири миллат, Тоҷикистон, сарнавишти миллионҳо муҳоҷир бетараф нестанд, ва ҷонибдори муносибати неки дуҷонибаи мо мебошанд даъват мекунам, ки ба ин ҳаракат ҳамроҳ шаванд ва моро кӯмак намоянд.»




«Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» мегӯяд, қасд дорад бо халабонҳои маҳкумшуда дидор ва аз вазъи онҳо огоҳ шавад, зеро онҳо низ амалан муҳоҷири корӣ мебошанд. Аз сӯи дигар, ин гурӯҳ қасд дорад як ҳайатро барои мулоқот бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва мақомоти марбутаи Русия ба он кишвар эъзом кунад.

Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов, мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳаракати мусоидат ба вазъи муҳоҷирон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки агар қишрҳои мухталиф, аз ҷумла зиёиён ба ин ҳаракат ҷалб шавад, он дар расидан ба аҳдофи худ муваффақ хоҳад буд. Оқои Усмонов гуфт: «Агар ин иқдом ҳарчи бештар битавонад зиёиёнро ба худ ҷалб кунад, метавонад дар ҳалли мушкили муҳоҷирони корӣ мусоидат кунад. Дар Русия нафароне, ки мехоҳанд ба муҳоҷирони тоҷик сидқан кумак кунанд, кам нестанд. Онҳоро бояд ёфт, бо онҳо робита ва кор кард.»

Дар ҳамин ҳол, Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон ва акнун раиси ҷамъияти «Дӯстони Русия» низ аз ин ҳаракат пуштибонӣ кард ва гуфт, ки дар сурате он муваффақ мешавад, ки доманаи фаъолияташ густардатар шавад. Ӯ гуфт, бояд коре кард, ки ҷомеаҳои тоҷикон дар ҷомеаи Русия ҳамгироӣ ва ҳамоиш пайдо кунанд.

Абдулло Ҳабибов ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

Абдулло Ҳабибов ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

Ӯ гуфт: «Дар маҷмуъ мо аз ин ҳаракат, аз фаъолиятҳои шумо пуштибонӣ мекунем. Аммо бояд доманаи ин фаъолиятҳо густардатар шавад. Акнун, ки мушкил бар хостааст, бояд онро ҳал кард, чораи дигаре вуҷуд надорад. Аз ҳамаи гузинаҳо бояд истифода кард, ҳам аз имконоти дипломатияи мардумӣ ва ҳам аз имконоти давлат. Ва ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистонро ба ин амр бояд ҷалб кард.»

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон низ бо эълони ҳимояти худ аз ин ҳаракат гуфт, ин тур нест, ки фақат Русия дар вазъи ба вуҷудомада муттаҳам бошад ва мо айби худамонроо набинем. Ӯ ба ду нукта ишора кард ва гуфт, аввал бояд дар робитаҳо бо Русия самимӣ бошем, то мавриди эътимод қарор бигирем. Аммо равобити Русия ва Тоҷикистонро намешавад шарикии стратегӣ гуфт: «Бархе аз рӯзноманигорони муҳтарами мо аз таърихи муосир ва воқеъоти кишварамон мутаассифона хабар надоранд ва дар бораи робитаҳои ду давлат гапҳои носанҷида мегӯянд, ки боиси сардии Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ҳини суханронӣ

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ҳини суханронӣ

робитаҳо мешавад. Дигар ин, ки шарикии стратегӣ яъне чӣ? Яъне ин, ки дар мавридҳои сарнавиштсоз ҷонибдорӣ аз мавзеи якдигар карданд. Аммо вақте Русия бо Гурҷистон ҷанг кард, мо аз он ҳимоят накардем. Барои он, ки Ғарб озурда нашавад. Мо истиқлоли Осетиё ва Абхазистонро эътироф накардем, вале агар мекардем ҳеч гапе намебуд, ба хотири шарикии стратегиямон. Бояд самимӣ буд, то дигарон ҳам бо ту самимӣ бошанд.»

Ойиниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик низ дар ин маҳфил суханронӣ намуд ва гуфт, ки бояд аз робитаҳои мухталиф бо қишрҳои Русия барои бозтоби чеҳраи аслии тоҷикон истифода шавад. Ӯ мегӯяд бовар дорад, ки ин иқдом аз сӯи мардуми манотиқи мухталифи Русия пуштибонӣ хоҳад ёфт: «Ман дар Русия шиносҳои зиёде дорам. Дирӯз чанд нафар телефон карданд ва гуфтанд, ки чанд номи зебои тоҷикиро ба мо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси саршиноси кишвар

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси саршиноси кишвар

бигу, гуфтам чаро? Гуфтанд ба паёми ҳамин ҳаводис мехоҳем исмамонро тоҷикӣ кунем. Бубинед, ки афроди хайрхоҳ пайдо мешавад.»

Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин шаби 14-уми ноябр дар Душанбе аз ҷониби гурӯҳе рўзноманигорон ва рӯшанфикрон ташкил шуд.

То кунун бархе аз шахсиятҳо ва нерӯҳои сиёсии кишвар пуштибонии худро аз таъсиси "Кумитаи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон" эълон кардаанд. Аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мӯъмин Қаноат, Муҳиддин Кабирӣ, Абдулло Ҳабибов ва дигарон таъсиси ин кумитаро дар ҳоле, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвари Русия нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, муҳим хонда ва аз он пуштибонӣ намудаанд. Дар маҳфили имрӯзи гурӯҳи мусоидат, бар иловаи шахсиятҳои миллии Тоҷикистон, инчунин намояндагони сафоратҳои кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG