Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии қатъномаи IAEA роҷеъ ба барномаи ҳастаии Эрон


Дипломатҳо мегӯянд, қудратҳои ҷаҳонӣ сари пешнависи қатъномаи бунгоҳи ҳастаии Созмони Милал ба тавофуқ расидаанд, ки ҳадаф дорад, ба «нигарониҳои амиқ ва афзоянда»-и марбут ба барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон расидагӣ кунад. Дар матни таҳиякардаи панҷ узви доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмон гуфта мешавад, «густариши муколама» дар байни Эрон ва Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ воҷиб ва зарур аст. Дар ин пешнавис, ки қарор аст, рӯзи ҷумъаи 18-уми ноябр дар шӯрои бунгоҳ баррасӣ шавад, аз Эрон хоста мешавад, дастрасӣ ба ҳамаи иттилоъ, аснод, амокин, мавод ва афроди марбут ба барномаро фароҳам орад. Дар Вашингтон, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Марк Тонер таъкид кард, ки бояд ба Эрон як «паёми воҳид» фиристода шавад:

“Мо хушбини онем, ки шӯрои бунгоҳ ба Эрон паёми қавӣ ва воҳиде мефиристад, то ки ба барномаи ҳастаияш рӯшанӣ андозад.”

Пештар раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Юкия Амано пешниҳод кард, барои рӯшан кардани масъалаҳои марбут ба ҷанбаи эҳтимолии ҳарбии барномаи ҳастаии Эрон як ҳайати сатҳи баланд ба Теҳрон фиристода шавад.
XS
SM
MD
LG