Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи озодии халабонҳоро аз номи Раҳмон Хайруллоев додааст


Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Анатолий Сердюков изҳор доштааст, ки аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтааст, масъалаи озодии халабонҳо Владимир Садовничий ва ҳамкори эстони ӯ Алексей Руденкоро ба таври мусбат ҳал кунад. Дафтари матбуоти Вазири дифои Русия бо пахши ин хабар афзудааст, Хайруллоев ин матлабро дар посух ба пешниҳоди Сердюков барои иқдоми амалии раҳоии халабонҳо изҳор доштааст. Дар мулоқоти вазирони дифои ду кишвар ҳамчунин масъалаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва «зарурати фароҳам овардани шароити беҳтар барои поойгоҳи ҳарбии Русия» баррасӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG