Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Покистон дар Вашингтон истеъфо медиҳад


Сафири Покистон дар Вашингтон пешниҳод кард, аз мақомаш истеъфо диҳад. Ин дар ҳолест, гуфта мешавад, сафир Ҳусайн Ҳаққонӣ дар ирсоли дархост аз Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак дар назорати ҳарбиёни бонуфузи Покистон даст доштааст. Бино ба навиштаи рӯзномаи “Financial Times” Ҳаққонӣ талош кардааст, номаи раисиҷумҳур Зардориро ба адмирал Майк Маллен расонад. Дар он аз афсари аршади Амрико дархост шудааст, аз ҳарбиёни қудратманди Покистон ҷилавгирӣ кунад. Дар ҳоле ки Вазорати умури хориҷӣ ин навиштаро “дуруғбофии маҳз” номидааст, сафирро барои шарҳ ба Исломобод даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG