Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Ҳукми халабонҳои "Ролкан" тағйир хоҳад хӯрд


Бино бар хабари Шабакаи аввали телевизиони Русия, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ҳукми халабонҳои ширкати «Ролкан» бознигарӣ шавад. Ва Додситонии кулли Тоҷикистон ифтитоҳи парвандаи ҷминоӣ зидди сардори ин ширкат Серегй Полуяновро «овоза» номида рад кардааст. Расонаҳои гурӯҳии Русия мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ба халабонҳо ҳукми «аз паст ҳам пасттар» содир гардад. Ин дар ҳолест, Думаи давлатии Русия дирӯз алайҳи ҳукми додгоҳи Тоҷикистон изҳороти шадидуллаҳн нашр намуд ва бознигарии онро тақозо кард. Дар ин изҳорот, ки аз тарафи ҳамаи ҷиноҳҳои Дума ҳимоят шуд, ҳукм «беасос ва машрут ба сиёсат» аст. Ҳамзамон нашрияҳои Русия гуфтаанд, теъдоди муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик аз 1500 нафар гузаштааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар панҷ рӯзи охир 57 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шуд.
XS
SM
MD
LG