Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии норозиён дар назди Бозори Бурси Ню Йорк


Садҳо нафар аз тазоҳуркунандагони «Ишғоли Волл Стрит» ба муносибати дувумин моҳи эътирозҳои худ зидди нобаробариҳои иқтисодӣ даст ба раҳпаймоӣ дар маркази молиявии Ню Йорк заданд. Полис аз онҳо пешдастӣ кард ва нагузошт, мӯътаризон роҳи тоҷирони Бозори Бурси Ню Йоркро масдуд кунанд. Барои ин 50 то 60 тазоҳуркунанда боздошт шудаанд. Раҳпаймоиҳо дар дигар шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида низ баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки дар чанд минтақа шаҳракҳои хаймаии норозиён барчида шуд.
XS
SM
MD
LG