Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафинаи кайҳонии Чин ба Замин баргашт


Сафинаи кайҳонии Чин пас аз иҷрои тарҳи аввалин насбшавӣ дар мадор имрӯз дар биёбони Гобӣ фурӯ афтод. Дар мадор, сафинаи «Шенжоу-8» бо озмоишгоҳи кӯчаки «Тянгонг-1» насб шуда, роҳро барои сафари кайҳоннавардон ба ин озмоишгоҳи кайҳонӣ дар соли оянда ҳамвор кард. Дар ниҳояти ин тарҳ Чин мақсад дорад то поёни даҳа дар мадори кайҳон истгоҳи доимии худро бунёд кунад.
XS
SM
MD
LG