Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул гуфт, Яков Тсойро ба Душанбе таслим хоҳад кард


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, дар ояндаи наздик Яков Тсой - шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистонро ба ватанаш бармегардонанд.

Дар ин бора дар як гуфтугӯи телефонии миёни Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои афғони ӯ Залмай Расул тавофуқ ба даст омдааст.

Оқои Зарифӣ дархост кардааст, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Афғонистон муҳлати зиндони худро сипарӣ мекунанд, ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Залмай Расулӣ дар посух гуфтааст, ки дар ояндаи наздик имкон дорад Яков Тсой баргардонида шавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қазияи боздошти се шаҳрванди ин кишвар дар Афғонистон -- Ширинбек Искандаров, Ҳасанбек Отараев ва Тсой Яковро, ки дар бархе аз нашрияҳо бозтоб ёфта буд, "фаротар аз ҷангҷоли як кишвар ва минтақа" хонда буданд.

Мақомот интиқоди бархе аз нашрияҳо дар ин бора, ки гӯиё Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Кобул нисбати сарнавишти ин се тоҷики боздоштшуда бетавофут будаанд, рад кард. Онҳо мегӯянд, аз замони боздошти ин се шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамакнун як тани онҳо раҳо шудаву як тани дигарашон фавтида ва танҳо як нафари онҳо дар зиндони “Пули Чархӣ” аст, дар ҷараёни ин қазия қарор доштанд.

Ширинбек Искандаров, Ҳасанбек Отараев ва Тсой Яков, се шаҳрванди Тоҷикистон тобистони соли 2008 бо гумони қочоқи се кило маводи кимиёии “симоби сурх”, ки 300 миллион доллар арзиш доштааст, аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошт мешаванд.

Ширинбек Искандаров, маҳбуси собиқи “Пули Чархӣ” танҳо бо дахолати раисиҷумҳури Тоҷикистон аз зиндон раҳо ёфта ва ба ватан бозгаштааст. Ӯ дар суҳбат ба нашрияҳои Душанбе гуфтааст, онҳо барои роҳандозии тиҷорат, яъне бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Афғонистон ба он кишвар сафар карда буданд, на чизе дигар.

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, “дар асл ҳеҷ кадом аз ин се нафар на ба сохтмон сару кор гирифтаанду на ягон ширкати сохтмонӣ доранд. Яке духтур, дигарӣ нафақахӯр ва сеюмӣ ҷойи кори муайян надорад. Бино ба маълумоте, ки рӯи даст аст, онҳо на барои роҳандозии фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, балки барои амалҳои ғайриқонунии дигар рафтаанд.”

Бо ин ҳол, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои масъул ва сафорати ин кишвар дар Кобул талошҳои худро барои поин овардани муҳлати зиндони шаҳрванадони худ дар “Пули Чархӣ” анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG