Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Эрон то Тоҷикистон. Бо дучарха ва барои ваҳдати мусулмонҳо


Фотима ва Умед, ки бо дучархаҳои худ аз Эрон ба Тоҷикистон омадаанд...
Фотима ва Умед, ки бо дучархаҳои худ аз Эрон ба Тоҷикистон омадаанд...

Ду шаҳрванди Эрон – Фотима Деҳширии 24-сола ва Умед Наҷавдии 28-сола бо дучарха вориди Тоҷикистон шуданд.

Ин ду ҷавон, ки тӯли се моҳ дар роҳ буданд, бо дучархаҳои хеш марзи Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистонро убур карда, билохира ба Тоҷикистон расидаанд.Онҳо ният доранд, ки ба Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Бангландеш ва Арабистони Саудӣ ҳам сафар кунанд.

Хонум Фотима ҳадафи сафари хешро ин гуна баён кард: “Ҳадафи аслии мо ба хотири бедории Ислом аст ва тарвиҷи пӯшиши ман, ки занони эронӣ зери сатр ҳаққи комил доранд ва метавонанд иқдоми солиме бикунанд. Барои аҳдофашон талош кунанд. Мушкили хосе дар роҳҳо набуд, вале аз лиҳози дучарха ва ҳайвонҳо мушкил буд. Дар кӯҳҳои Помир вазъ хело сахт, ваҳшатбор буд, барфи зиёд борида буд. Табиаташ зебост. Дар Қирғизистон шаб дар роҳ мондем, то ҳотел (меҳмонхона) 8 километр роҳ буд. Маҷбур шудем, ки шаб дар хонаи як омӯзгор монем, вале ҳамеша дар меҳмонхонаҳо будем.”


Умеди Наҷавдӣ, яке аз дигар дучархасаворон, мегӯяд, ин иқдом агарчӣ хатарҳо дорад, эҷоди ваҳдати исломӣ дар кишварҳои муслмоннишин муҳимтар аст. “Дар ҳар ҷойе мерасем, вақте бо ҷамъияти мусулмон рӯ ба рӯ мешавем ва худро муаррифӣ мекунем, аллакай ин рамзи ваҳдату бародарии мо - мусулмонҳо аст”,- мегӯяд Умед.

Вай ҳамчунин гуфт: “Суханрониҳо бо мардум доштем. Дар Қирғизистон бо мардум бештар сӯҳбат мекардем. Вақте хонумро бо ман дучархавсор медиданд дар Тоҷикистон, тааҷҷуб ва ханда мекарданд, аммо вақте мефаҳмиданд ки мо хориҷӣ ҳастем, дигар чизе намегуфтанд. Дар Узбакистон вақте хонум Фотима хост, ки бо ман вориди масҷид шавад ва намоз бигузорад, пулис садди роҳ шуд.”

Ихтисоси Фотима ва Умед муҳандисӣ буда, харҷи сафари онҳо аз ҳисоби худашон аст. Ба қавли онҳо барои анҷоми ин сафар ҳудуди 400 000 лир қарз гирифтаанд. Онҳо мегӯянд, акнун ҳатман ба кишварҳои аврупоӣ ҳам бо дучарха сафар хоҳанд кард ва паёми ҷомеаи Эронро ба кишварҳои дигар хоҳанд расонд.
XS
SM
MD
LG