Пайвандҳои дастрасӣ

"Мумкин аст, халабонҳо раҳо шаванд..."


Дар акс: Алексей Руденко (чап) ва Владимир Садовничий (рост)

Дар акс: Алексей Руденко (чап) ва Владимир Садовничий (рост)

Додгоҳи вилояти Хатлон баррасии шикояти кассатсионии халабонҳои маҳкумшудаи рус ва эътирози додситонии Хатлонро рӯзи 23-юми ноябр шурӯъ хоҳад кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ манобеи мӯътамад дар мақомоти додгоҳии Хатлон хабар доданд.

Вале ҳоло додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, парвандаи Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Адексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро рӯйи даст надорад. Рӯзи 17-уми ноябр додгоҳи вилояти Хатлон парвандаи халабонҳои маҳкумшудаи русро барои "ба расмият даровардан" ба додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бозпас гардонидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз пеш эътирози додситонии Хатлон ва шикояти кассатсионии адвокати маҳкумшудаҳо барои баррасӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон расида буд.

ЧАРО ПАРВАНДА БАРГАРДОНИДА ШУД?

Аммо Темур Боев, раиси додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ, гуфт, додгоҳи Хатлон ин аснодро барои такмил додан бозпас фиристодааст: "Бале, парвандаро ба мо баргардониданд, барои ба расмият даровардан. Ба расмит даровардан – яъне тарафҳо, иштирокчиёнро бояд бо эътирози прокуратура ва шикоятҳои кассатсионӣ шинос карда, баъд ба суди вилоят равон кардан лозим."

Шикояти халабонҳо ва эътирози додситонии Хатлон ба ҳукми зиндони онҳоро ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ хоҳад кард. Ҷаласаи ҳайати мушовара қарор аст рӯзҳои сешанбею чоршанбеи 22-юм ва 23-юми ноябр баргузор шавад.

"МУМКИН АСТ, ХАЛАБОНҲО РАҲО ШАВАНД"

Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонии Хатлон истисно намекунад, ки ҳукми зиндони халабонҳои маҳкумшуда ба ҷазои ғайриҳабсӣ тағйир дода хоҳад шуд. Афзалалӣ Иззатов, муовини додситони вилояти Хатлон, пиромуни ҳадафи эътирози додситонӣ мегӯяд, "мақсади эътироз сабук кардани ҷазои халабонҳо аст. Яъне суд метавонад, ки ҷарима татбиқ кунад. Суд ҳуқуқ дорад, ки ҷазоро поинтар аз ҳадди санксияи дар моддаҳои кодекси ҷиноятӣ буда таъйин кунад."

Ғулом Бобоев

Ғулом Бобоев

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ғулом Бобоев, вакили мудофеи Садовничий ва Руденко, мегӯяд, ба гумони ғолиб, додгоҳи вилояти Хатлон муваккилони ӯро аз зиндон раҳо мекунад, зеро ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ғайриодилона ва ниҳоят сангин мебошад. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ натавонистааст, ки гуноҳи афроди маҳкумшударо дар "убури ғайриқонунии марз" ва "қочоқ" исбот намояд.

ХАЛАБОНҲО "FLIGHT PLAN" ДОШТАНД?

Вале Файзулло Холов, айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи Садовничий ва Руденко, мегӯяд, халабонҳо бидуни "Flight Plan" ё нақшаи парвоз аз Кобул ба Қӯрғонтеппа омадаанд, ки аз сӯйи онҳо "марзшиканӣ" маҳсуб мегардад: "Садовничий дар мурофиаи судӣ иддао пеш овард, ки гӯиё пеш аз парвоз ба вай Гаган, менеҷери ширкати "Аэроспейс", дар Кобул иҷозатномаи парвоз ба самти Тоҷикистонро додааст. Ба Садовничий гуфтааст, ки бо Тоҷикистон мувофиқа шудааст барои фуруд омадани ҳавопаймоҳо дар Қӯрғонтеппа. Аммо вақте Садовничий ва Руденко ба сарҳади Тоҷикистон мерасанд, бо "Душанбе-контрол" тамос гирифта, иҷозаи фуруд омаданро мепурсанд. Мақомоти ҳавонарвандии Тоҷикистон ягон хел санади мувофиқа бо ширкати "Ролкан" ё "Аероспейс"-ро намеёбанд."

Файзулло Холов

Файзулло Холов

Аммо адвокат Ғулом Бобоев иддао дорад, ки муваккилони ӯ барои парвоз аз Кобул "Flight Plan" доштанд ва барои фуруд омадан ба Қӯрғонтеппа ду рӯз қабл аз парвоз бо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон мувофиқа карда буданд. Ба қавли Бобоев, халабонҳо дар ин қазия ҷурме надоранд ва агар мақомоти тафтишотии Тоҷикистон суоле доранд, бояд ба раҳбарияти ширкати «Ролкан», яъне кордеҳони Садовничий ва Руденко бидиҳанд.

"РОЛКАН" МАҚОМОТРО БА ДОДГОҲ МЕКАШАД?

Қаблан додситонии вилояти Хатлон иттилоъ дода буд, ки нисбат ба Сергей Полуянов, мудири кулли ширкати "Ролкан", низ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ӯ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Аммо рӯзи гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи қатъи парвандаи мазкур хабар дода, гуфт, Полуяновро дар пайгарди қонунӣ қарор надодааст. Ҳоло мақомоти додситонӣ намехоҳанд шарҳ бидиҳанд, ки чаро нахуст хабари марбут ба парвандаи Полуяновро нашр карда, пасон онро инкор намуданд.

Ҳамакнун ширкати "Ролкан" иддао дорад, ки мақомоти Тоҷикистонро барои боздошти ҳавопаймоҳо ва халабонҳояш ба додгоҳ мекашонад. Валерий Пфефер, намояндаи ин ширкат, ки дар мурофиаи халабонҳо ширкат мекард, қабл аз сафараш ба Маскав гуфт: “Фикр мекунед, аз ин ки ҳавопаймоҳои дастгиршуда беш аз 6 моҳ боз аз парвоз бозмондаанд, мо зиёни молӣ намебардорем? Ҳама хисороти худро ҳисобу китоб карда, дар ниҳоят аз ҳама афроде, ки дар ин қазия даст доранд, ҷуброни ин зарарро талаб хоҳем кард.”

ШИКОЯТИ РУДЕНКО АЗ ВАЗЪИ САЛОМАТИАШ ДАР СИЗО

Ҳоло адвокат Ғулом Бобоев мегӯяд, афроди зерҳимояи ӯ замони бознигарии парвандаашонро дар додгоҳи вилояти Хатлон пушти панҷараи маҳкамаи муваққатии шаҳри Қӯрғонтеппа интизорӣ мекашанд. Ба гуфтаи ӯ, Алексей Руденко, халабони маҳкумшудаи эстонӣ, аз шиддати дард дар ноҳияи қалбаш шикоят кардааст. Пизишки дилшинос пас аз муоинаи Руденко гуфтааст, ки дили ӯ солим буда, бемории ӯ ба шиддат гирифтани асаб ва стресс рабт доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG