Пайвандҳои дастрасӣ

Аксар вакилони Думаи давлатии Русия ҳукми зиндони ду халабони ширкати русиро беасос донистаанд.

Вакилони Думаи давлатии Русия дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи худ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳукми зиндони Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро бознигарӣ кунад.

Онҳо ҳукми Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро, ки шаҳрванди Русия -- Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония -- Алексей Руденкоро ба ҳаштуним солии зиндон маҳкум кард, беасос ва “сиёсӣ” хондаанд. Намояндагони Думаи давлатии Русия гуфтаанд, ин ҳукм ба ҳамкории дӯстонаи Душанбеву Маскав халал ворид хоҳад кард.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати русиро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ муҷрим донистааст. Вале намояндагони Думаи давлатии Русия мегӯянд, халабонҳо ба далели кам боқӣ мондани маводи сӯхти ҳавопаймоҳояшон бояд дар наздиктарин фурудгоҳ поин меомаданд.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа гуфта, дар зарфи як ҳафта баррасии шикояти додситонӣ ва вакили мудофеи халабонҳо Садовничий ва Руденкоро аз сар мегирад. Бино ба қавли вакили мудофеи халабонҳо Ғулом Бобоев, вазъи саломатии Алексей Руденко - шаҳрванди Эстония бад шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ҳукми ҳабси халабонҳо ба маҳкумияти шартӣ табдил хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG