Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсии Суғд: "Ба мушкили муҳоҷирон расидагӣ кунед!"


Намояндагии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар Суғд хостори ҳалли қазияи халабонҳо ва муҳоҷирон шудаанд.

Намояндагии дафтари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мақомоти ин кишвар ва Русияро барои ҳалли қазияи халабонҳо ва муҳоҷирони кории тоҷик даъват кардаанд.

Нусхаи ин нома ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва консулгарии сафорати Русия дар вилояти Суғд ҳам ирсол шудааст.

Дар зери ин нома раҳбарони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд имзо гузоштаанд. Абдуҷааббор Юлдошев, муовини раҳари Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар шимоли кишвар мегӯяд, намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ гуфтаанд, ки пас аз хондани нома мавқеи худро рӯшан хоҳанд кард. Вале ӯ афзуд, то ҳанӯз намояндагони Ҳизби агарӣ дар вилоятро натавонистаанд пайдо бикунанд.

Бо ин ҳол, намояндагоии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар номаи худ гуфтаанд, ки боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик “иҷборӣ”-ву “ғайриқонунӣ” буда, ба манифаити кор нест. Зеро ба қавли муаллифони нома, ҳоло тақрибан аз ҳар як хонаводаи тоҷик як нафар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад ва чархи зиндагии сокинони кишвар бо маблағи онҳо мечархад.

“Мо огоҳем, ҳуқуқи садҳо шаҳрвандони мо аз ҷониби мақомоти Русия нақз шуда, ихроҷи маҷбурии онҳо идома дорад. Ин аст, ки сарнавишти муҳоҷирони ихроҷшуда моро бисёр нигарон кардааст. Бояд ҳукумати Тоҷикистон сари ин масъала ҷиддӣ биандешад ва шаҳрвандонеро, ки ба кишвар фиристода шудаанд, бо ҷои кор таъмин намояд”,-омадааст дар изҳороти аҳзоб.

Ҳамин тавр, намояндагии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар Суғд аз вазъи пешомада изҳори нигаронӣ карда, аз сафорати Тоҷикистон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Русия хостаанд, ки аз ҳаққи муҳоҷирон дифоъ бикунанд. Онҳо ҳамчунин аз консулгарии сафорати Русия дар вилояти Суғд даъват намудаанд, ки барои "гармӣ" бахшидан ба равобити ба сардӣ гароидаи Тоҷикистону Русия талош варзад.
XS
SM
MD
LG