Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар хиёбонҳои Афина тадобири амниятӣ тақвият ёфтааст


Имрӯз дар остонаи солгарди шӯриши соли 1973 дар кӯчаву хиёбонҳои Афина-пойтахти Юнон ҳудуди 7 000 корманди полис мустақар шудаанд. Дар натиҷаи ин шӯриш диктатураи низомии Юнон сарнагун шуд. Қарор аст дар робита бо ин солгард донишҷӯён раҳпаймоӣ анҷом диҳанд. Мақомоти Юнон бим доранд, ки райпаймоии соли ҷорӣ мумкин аст бо хушунат ба поён расад, зеро тадобири сахтгиронаи молии ҳукумати ин кишвар барои рафъи бӯҳрони қарз норизоятии баъзе аз қишрҳои ҷомеаро барангехтааст ва мумкин аст онҳо низ ба раҳпаймоӣ бипайванданд. Як рӯзи пеш ҳукумати нахуствазири нав Лукас Пападемос дар порламон райи эътимод ба даст овард. Пападемос гуфт, тасвиби барномаи кӯмаки молии 130 миллиард евроии Иттиҳодияи Аврупо дар барномаҳои ҳукуматӣ бартарӣ дорад, то ки бо рафъи қарзи фарогири Юнон мубориза кунанд.
XS
SM
MD
LG