Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба муҳоҷирони баргашта кор медиҳад


Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик

Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик

Оҷонси кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, муҳоҷиронеро, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, бекор намегузорад. Масъулони ин Оҷонс мегӯянд, барои таъмини муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз қаламрави Русия бо далоили мухталиф ихроҷ шудаанд, барномае таҳия кардааст. Ба гуфта ин манбаъ, дар шаҳри Душанбе ва вилоёти Суғду Хатлон марказҳои реинтегратсияи муҳоҷирони корӣ таъсис ёфтааст, ки ба муҳоҷирон дар заминаи омӯзиши касб ва ё дарёфти ҷои кор кӯмак хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки танҳо баъди як ҳафтаи эълони ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳудуди шаст муҳоҷири тоҷикро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ҳоло дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG