Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзи дуввуми ҳамоиш ба Кобул 2 мушак партоб шуд


Луя Ҷиргаи Афғонистон дар Кобул

Луя Ҷиргаи Афғонистон дар Кобул

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки субҳи имрӯз ду мушак ба сӯи Кобул партоб шуд. Ин дар ҳолест, ки Луя Ҷиргаи ин кишвар имрӯз дурнамои ҳамкориҳои баландмуддат бо Амрикоро баррасӣ мекунад. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки як нафар ҷароҳат бардоштааст. Ҳеҷ як аз ин мушакҳо наздик ба маҳали баргузории Луя Ҷирга ё порламони Афғонистон наафтодааст. Дар Луя Ҷирга бештар аз 2000 нафар раҳбарони сисёсиву сарони қабоил гирдиҳам омадаанд ва Толибон дар остонаи ин ҳамоиш таҳдид карда буданд, ки кори онро ба ҳам мезананд. Рӯзи чаҳоршанбе дар маросими гушоиши Луя Ҷирга Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон суханронӣ ва дар зимн шароити идомаи ҳузури низомии Амрико дар Афғонистонро баъд аз хуруҷи нируҳои Амрико ва хориҷӣ дар соли 2014 ёдоварӣ кард.
XS
SM
MD
LG