Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи араб ба ҳукумати Сурия се рӯз вақт дод


Лигаи араб ба Сурия дар қатъи хушунатҳо се рӯз мӯҳлат дод. Вазирони умури хориҷии лига таҳдид кардаанд, ки дар акси ҳол Сурия бо таҳримҳои шадид рӯбарӯ хоҳад шуд. Сарвазири Қатар, Шайх Ҳамад бин Ясим ал-Сонӣ дар ҳошияи нишаст ба хабарнигорон гуфт, сабри кишварҳои араб аз амалкарди режими Сурия ба сар омадааст. Вай ҳушдор дод, ки фурсати «дипломатияи арабӣ» наздик ба поён аст.
Вай гуфт: “Мо қабул надорем, ки мардум он гуна ки дар Сурия иттифоқ меафтад, кушта шаванд. Мо наметавонем дахолат накунем ва аз хушунати бештару куштори бештар ҷилавгирӣ накунем. Барои ҳамин мо як тасмими душворе гирифтем. Ба хотири хуни бародарони худ дар Сурия. Ҳукумати Сурия бояд ба ваъдаи худ вафо ва тибқи нақшаи арабии ҳалли мушкили Сурия амал кунад. Ва амнияту эътидоли онро ҳифз намуда, ба сӯи фардои беҳтаре равад.”

Дар ин байн дар Димишқ издиҳом ба сафоратҳои Марокаш ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамла карданд ва Фаронса гуфтааст, сафираш аз Сурияро фаро мехонад. Инчунин ҳарбиёни саркаши сурёнӣ ба ситоди хадамоти кашф ҳамла бурданд ва шаш маъмури амниятиро ба қатл расонданд.
XS
SM
MD
LG