Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудия ва раъйгирии қатъномаи зидди сӯиқасд дар СММ


Арабистони Саудӣ ба Созмони Милал фишор меорад, ки қатъномаи маҳкумияти Эрон барои тарҳи иттиҳомии сӯиқасд ба сафираш дар Иёлоти Муттаҳида ба раъйгирӣ гузошта шавад. Он ҳамчунин аз Эрон даъват кардааст, дар таҳқиқи ҳодиса ширкат кунад. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, Эрон дар тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири саудӣ дар Вашингтон Одил ал-Ҷубайр даст дорад. Аммо дар қатъномаи пешниҳодии Саудия, ки ба ширкаткунандагони Маҷмаи умумии Созмони Милал дода шуд, Эрон мустақиман айбдор нашудааст. Дар он, ки аз тарафи Иёлоти Муттаҳида ҳимоят шудааст, тарҳ шадидан маҳкум ва аз Эрон даъват шудааст, ба ӯҳдадориҳои худ тибқи қонуни байнулмилалӣ арҷ гузорад. Эрон иттиҳомотро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG