Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Башор Асад се рӯз мӯҳлат дода шуд


Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия.
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия.

Лигаи араб ба Сурия дар қатъи хушунатҳо се рӯз мӯҳлат дод ва бо таҳримҳо ба Димишқ таҳдид кард.

Вазирони умури хориҷии Лигаи араб ба ҳукумати Сурия се рӯз мӯҳлат доданд, то ба саркӯби тазоҳуркунандагон хотима гузорад. Ин созмон, ки ҳафтаи гузашта узвияти Сурияро ба таълиқ даровард таҳдид кардааст, ки дар акси ҳол аз таҳримҳои шадид кор хоҳад гирифт. Аз ҳукумати Башор Асад инчунин хоста шудааст, ба нозирон имкон диҳад, то ҷараёни иҷрои талабро бубинанд.
Мо наметавонем дахолат накунем ва аз хушунати бештару куштори бештар ҷилавгирӣ накунем...


Ин ултиматум дар ҷаласаи изтирории кишварҳои узв дар Работи Марокаш садо дод. Вазири умури хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу низ аз ширкаткунандагони нишаст буд.

Сарвазири Қатар, Шайх Ҳамад бин Ясим ал-Сонӣ дар ҳошияи нишаст ба хабарнигорон гуфт, сабри кишварҳои араб аз амалкарди режими Сурия ба сар омадааст. Вай ҳушдор дод, ки фурсати «дипломатияи арабӣ» наздик ба поён аст.

Вай гуфт: “Мо қабул надорем, ки мардум он гуна ки дар Сурия иттифоқ меафтад, кушта шаванд. Мо наметавонем дахолат накунем ва аз хушунати бештару куштори бештар ҷилавгирӣ накунем. Барои ҳамин мо як тасмими душворе гирифтем. Ба хотири хуни бародарони худ дар Сурия. Ҳукумати Сурия бояд ба ваъдаи худ вафо ва тибқи нақшаи арабии ҳалли мушкили Сурия амал кунад. Ва амнияту эътидоли онро ҳифз намуда, ба сӯи фардои беҳтаре равад.”

Ал-Сонӣ ҳамчунин гуфтааст, дар акси ҳол таҳримҳо, аз ҷумла таҳримҳои шадиди молиявӣ ба Сурия эъмол хоҳанд шуд. Зоҳиран тарҳи чунин таҳримҳо омода шудааст ва агар дар се рӯзи оянда Башор Асад саркӯби норозиёнро қатъ накунад, ин тарҳ эълон хоҳад шуд.

Лигаи араб, ки аз 22 кишвар иборат аст, инчунин ба чораҳое дар ҳифзи аҳолии осоиштаи Сурияро даъват кард ва гуфт, мухолифи ҳама гуна мудохилаи хориҷист. Лига рӯзи 12-уми ноябр узвияти Сурияро дар ин эътилоф боздошт ва Димишқ ин тасмимро як амалкарди “шадидан хатарзо” номида, гуфт, он бо ишораи Иёлоти Муттаҳида гирифта шудааст. Вашингтон аз иқдоми Лигаи араб истиқбол кард, аммо Маскав онро як кори “ғалат” номид.

Бино ба шумориши Созмони Милал нерӯҳои амниятии Сурия аз моҳи март, оғози тазоҳурот дар шаҳру рустои Сурия зиёда аз 3500 нафарро ба ҳалокат расондаанд.

Даргириҳо дар Ҳумси Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG