Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди полиси Киев бо собиқадоролни Чернобил


Наздик ба 500 собиқадори фоҷиаи ҳастаии Чернобил ҳангоми тазоҳурот дар Киев бо полис даргир шуданд. Онҳо бо талаби пардохти нафақаи худ ба назди бинои ҳукумати Украина омада буданд ва мехостанд бо сарвазир Микола Азарво мулоқот кунанд. Эътироз дар байни собиқадорон замоне авҷ гирифт, ки ҳукумат гуфт, нафақаи онҳо ва собиқадорони ҷанги Афғонистонро 80 дарсад коҳиш хоҳад дод. Ҳангоме ки сарвазир аз мулоқот бо собиқадорон худдорӣ намуд, онҳо талош карданд, бо зӯр вориди дафтари ӯ шуданд. Полис ва нерӯҳои интизомӣ барои парокандан кардани тазоҳуркунандагон даъват шуданд. Як тазоҳуркунанда захмӣ шуда, норозии дигар бар асари сактаи дил ба бемористон интиқол ёфт.
XS
SM
MD
LG