Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон даст доштани Амрико ва Исроилро дар таркиш рад кард


Мақоми аршади низомии Эрон дахл доштани Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро дар таркиши анбори аслиҳаи Сипоҳи посдорони инқилоб, ки мунҷар ба қатли 17 нафар, аз ҷумла мутахассиси мушакҳои болдор шудааст, рад кард. Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, генерал Ҳасани Фирӯзободӣ гуфт, инфиҷор бар асари тасодуф ба амал омадааст ва тахмини матбуоти Ғарб ба амалиёти махфии Исроил ё Иёлоти Муттаҳида асос надорад. Ҳамзамон ӯ тасдиқ кард, ки таркиш корҳои бунёди як “тавлид”-и махсуси ҳарбиро ба ақиб андохтааст. Дар инфиҷор генерал Ҳасани Муқаддам, раҳбари бахши пажӯҳишҳои таслиҳотии Сипоҳи посдорон кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG