Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бӯҳрони евроро ба камбуди иродаи сиёсӣ рабт дод


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфт, вай аз кашол ёфтани бӯҳрони қарзи минтақаи евро амиқан нигарон аст ва онро ба камбуди иродаи сиёсӣ бастагӣ медиҳад. Обама дар паёме ҳангоми сафараш ба Австралия изҳор дошт, бӯҳрон то замоне густариш хоҳад дошт, ки сарони минтақаи евро барномаи мушаххаси расидагӣ ба онро таҳия накунанд. Изҳороти раисиҷумҳури Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде аз сарони дигари байнулмилалӣ низ ба иқдоми ҷиддӣ дар баробари бӯҳрони қарзи Аврупо даъват кардаанд ва биме вуҷуд дорад, ки он аз Юнону Италия ба кишварҳои дигари минтақаи евро сироят хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG