Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳори араб муҳоҷират ба Иттиҳоди Аврупоро зиёд кард


Хадамоти марзбонии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, дар нӯҳ моҳи аввали соли равон ҳазорон муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кардааст. Ноиби раиси ин ниҳод Ориаз Фернандез дар нишасти хабарӣ дар Бруссел гуфт, аз моҳи январ то сентябр 112 000 муҳоҷири ғайриқонунӣ вориди марзҳои Иттиҳоди Аврупо шуда, зиёдтарин шумораи онҳо ба моҳи март рост меояд. Вай ин афзоишро бак Баҳори Араб бастагӣ дода, аз Юнон ва Туркия интиқод кард, ки марказҳои кофии нигаҳдории муҳоҷиронро надоранд ва бо кишварҳои манбаи муҳоҷират, бахусус Афғонистон, созишномаи депорт ба имзо нарасондаанд.
XS
SM
MD
LG