Пайвандҳои дастрасӣ

Осмони пурабр, ҳавои бебориш дар Тоҷикистон


Осмон бар фарози аксари манотиқи кишвар абрӣ ва нимаабрӣ буда, танҳо дар Шаҳритус ва Истаравшан соф аст. Ноҳияи Панҷ бо вуҷуди осмони абрӣ гармтарин минтақаи Тоҷикистон аст, дар ин ҷо ҳарорат ба 11 дараҷа мерасад. Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат 9, Фархор, Шаҳритус, Ҳисор 8, Хуҷанд, Исфара, Ашт, Масчоҳ, Файзобод ва Рашт 5 дараҷа гарм мешаванд. Ҳавои туман ва меҳолуд ва аммо ороми Хоруғ 2 дараҷаи селсия гарм хоҳад буд. Рутубат дар аксари минтақаҳо поин омада, ба ҳисоби миёна аз 50 то 70 дарсадро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG