Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи додгоҳии фаъоли ҳуқуқи башар мавқуф гузошта шуд


Додгоҳи шаҳри Минск имрӯз муҳокимаи додгоҳии яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Белорус Алес Бялятскийро барои як ҳафта мавқуф гузошт. Ба иттилоъи бахши белорусии Радиои Озодӣ, Алес Бялятский, раҳбари маркази ҳуқуқи башари “Весна”, 4 август бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти андоз боздошт шуда буд.

Мурофиаи додгоҳии фаъоли ҳуқуқи башар рӯзи 2 ноябр шурӯъ шуд. Қарор аст, ки мурофиа рӯзи 22 ноябр аз сар гирифта шавад. Алес Бялятский ҳамчунин дар он айбдор мешавад, ки аз гурӯҳу созмонҳои байнулмилалӣ барои мухолифини белорус маблағ мегирифт.

Ҳафтаи гузашта додситон Валерий Сайковский аз додгустар хостори мутаваққиф кардани мурофиа шуд. Ба гуфтаи ӯ, иттиҳоми нав алайҳи Бялятский аз иттиҳомоти пешин комилан фарқ дорад.
XS
SM
MD
LG