Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз як сарбози бритониёвӣ дар Ҳилманд


Вазорати дифоъи Бритониё хабар дод, ки имрӯз дар Афғонистон бар асари таркиши бомби рӯи раҳ як сарбози кишвар ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса дар минтақаи Мирнандоби вилояти Ҳилманд рӯх дод.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, шурӯъ аз моҳи октябри соли 2001 дар Афғонистон 386 сарбози бритониёвӣ ҷон бохтаанд. Сарбози кушташуда 38-умин низомии бритониёвӣ буд, ки соли равон ба ҳалокат расидааст.

Дар вилояти Ҳилманд нӯҳу ним ҳазор низомиёни бритониёвӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG