Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулло Гул ҳамла ба сафорати Туркияро маҳкум кард


Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия, ҳамла ба сафорати кишвараш дар Димишқро маҳкум кард. Ӯ гуфт, ки "бо чунин ҳамлаҳо дар Сурия, ки алайҳи ҳузури мо дар кишвар, алайҳи шаҳрвандони мо, алайҳи сафорати мо, дипломатҳои мо равона шудаанд, наметавон муросо кард. Мо ин ҳамларо шадидан маҳкум мекунем".

Абдулло Гул ҳушдор дод, ки "агар дар Сурия чораҳои зарурӣ наандешанд ва ин ҳодиса такрор шавад, он вақт вокуниши мо комилан дигар хоҳад буд".

Рӯзи якшанбе ҷонибдорони раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба биноҳои чанд сафорат дар Димишқ ҳамла карданд. Сафоратҳои Арабистони саудӣ ва Қатар – ҳадафи аслии ҳамла қарор доштанд .

Тазоҳургарон инро чун посух ба тасмими ин кишварҳо барои аз ширкат дар нишастҳои Лигаи кишварҳо араб маҳрум сохтани Сурия арзёбӣ намуданд. Ҳафтаи гузашта Лигаи кишварҳои араб дар нишасте дар Қоҳира ширкати Сурия дар ҳама ҷаласаҳои ин созмон то замони аз сӯи Димишқ иҷро шудани созишҳои пешин оид ба хатми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар кишвар мутавақиф кард.

Бар пояи ҳамин тасмим имрӯз ҳайати Сурия аз ширкат нишасти вазирони умури хориҷии Лигаи кишварҳи араб дар Марокаш маҳрум монд
XS
SM
MD
LG