Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достиев: "Бо тақдири муҳоҷирон бозӣ накунед"


Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав, мегӯяд, Русия набояд бо тақдири муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бозӣ ва вазъи мушкили онҳоро тоқатфарсо накунад. Абдулмаҷид Достиев, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ман шумо ҳама тарафдори онем, ки ин қазия ҳал гардад ва бо тақдири мардуми мо дар инҷо бозӣ накунанд, ё ки рафтори додгоҳҳо ва дигар мақомоти кишварҳо боиси ошуфтаҳолӣ ва ё тоқатфарсо шудани ҳаёти шаҳрвандони оддӣ, ки дар инҷо барои Русия неъматҳои моддӣ истеҳсол мекунанд, нашавад, онҳо ҷабр набинанд." Абдулмаҷид Достиев афзуд, вазъи муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия ҳамеша хуб набуд, баъди эъломи ҳукми зиндони ду халабони рус дар Тоҷикистон бадтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти интизомии Русия, ҳатто муҳоҷирони қонуниро боздошт ва санадҳои онҳоро пора мекунанд. Ба гуфтаи Абдулмаҷид Достиев бино ба омори онҳо, тайи чанд рӯзи ахир 300 муҳоҷири тоҷик дар Русия боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG