Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳаввулоти ахир дар равобити Маскаву Душанбе, осоиши нисбии муҳоҷирини тоҷик дар Русияро ба сурати куллӣ халадор кард.

Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз сӯи мақомоти Русия, ки гуфта мешавад, дар аксар маворид ба сурати таҳқиромез анҷом мешавад, наздикон ва волидайни муҳоҷирон дар Тоҷикистонро сахт нигарон кардааст. Дар баробари хомӯшии мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ва васоити ахбори давлатии кишвар, сару садо ва овозаҳои мухталиф миёни мардум паҳн шуда ва ин ба нигаронии мардум афзудааст.

Гуфта мешавад, ки аз се як хонаводаи Тоҷикистон дар хориҷ муҳоҷири меҳнатӣ доранд ва дар баробари ин қазия чашму ҳуш ба амалкарди мақомҳои баландпояи Тоҷикистону Русия дӯхтаанд, ки дар ҳалли ин мушкил расидагии ҷиддӣ ва оҷил кунанд.

Аммо дар ҳоле, ки ҳанӯз поёни ин қазия рӯшан нест, мардум зери ташвиши ҷиддӣ қарор гирифтаанд. Зеро ҷараёни таҳаввулоти қазияи зиндонӣ шудани халабонҳо ва дар посух ихроҷи шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро мардуми Тоҷикистон аз расонаҳои хоса Русия мебинанд ва мешунаванд, ки аксари маврид ин расонаҳо якҷониба ва бо муттаҳамсозии Тоҷикистон матолиби худро нашр мекунанд.

Нигаронии мардум аз ин қазия дар навори видеоии «Озодӣ»:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG