Пайвандҳои дастрасӣ

Монтӣ расман ба ифои вазифаи нахуствазирӣ пардохт


Марио Монти

Марио Монти

Марио Монти, нахуствазири Италия, дар ҳукумати нав вазифаи вазири молияро низ бар ӯҳда хоҳад дошт. Дар ин бора худи Монти баъди расман қабул кардани мақоми нахуствазирӣ хабар дод.

Қарор аст, ҳайати ҳукумати нави Италия, ки дар натиҷаи машваратҳо бо нерӯҳои асосии сиёсии кишвар таъсис шудааст, ба зудӣ эълон шавад. Аз ҳоло маълум аст, ки курсии вазири рушди иқтисодиро бо ваколатҳои густурда Корадо Пассера, раҳбари яке аз бузургтарин бонкҳои кишвар Intesa Sanpaolo ишғол хоҳад кард.

Монти, иқтисодди шинохта ва амалдори собиқи Комиссиюни Аврупо, ҳафтаи гузашта баъд аз истеъфои Силвио Берлусконӣ нахуствазири Италия таъин шуд. Ахиран аҳзоби асосии сиёсии кишвар пуштибонии худро аз ӯ тайид карданд.

Вазифаи асосии ҳукумати нави Италия – берун кардани кишвар аз бӯҳрони молиявӣ ва ҷилавгирӣ аз вазъи ҳамсон дар Юнону Ирландия ва Португалия унвон шудааст. Охири ҳафтаи гузашта парлумони Италия бастаи чораҳои фаврии сарфаи буҷаро пазируфт.

Марио Монти даъвати баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ дар соли 2012-ро рад кард ва изҳор намуд, ки ҳукумати ӯ то соли 2013 сари қудрат боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG