Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймои дар Кобул боздоштшуда мутааллиқ ба Ролкан аст


Валерий Пфеффер

Валерий Пфеффер

Раиси ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investment Ltd. тайид кард, ки ҳавопаймои ахиран дар фурудгоҳи Кобул боздоштшуда муттаалиқ ба ин ширкат аст.

Валерий Пфеффер дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки ҳавопаймои АН-74 чун ду ҳавопаймои АН-72-и дар Тоҷикистон мусодирашуда аз сӯи ширкати «Аэроспейс» ба иҷора гирифта шуда буд.

Ҷаноби Пфеффер ин иттилоъро дар ташреҳи як матлаби сомонаи Радиои Озодӣ ироа кардааст, ки дар он бо ишора ба Яъқубуллоҳ Расулӣ, райиси майдони ҳавоии Кобул, дар бораи боздошти боз як ҳавопаймои русӣ дар Афғонистон хабар дода шудааст.

Раиси Rolkan Investment Ltd. ташреҳ кардааст, ки таваққуф додани ҳавопаймо бо 2,5 миллион доллар қарзи ширкати «Аэроспейс» аз фурудгоҳи Кобул марбут аст. Ӯ афзудааст, ки нафаре аз халабонҳои ширкат боздошт нашудааст. Валерий Пфеффер изҳори умедворӣ кардааст, ки мақомоти Кобул ҳавопайморо ба зудӣ дар ихтиёри Ролкан мегузоранд.

8 ноябр додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Rolkan Investment LTD - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ, марзшиканӣ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Ин ҳукм боиси хашму ғазаби Маскав ва таниши ҷиддӣ дар равобити миёни Русияву Тоҷикистон гардид.
XS
SM
MD
LG