Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди AI аз вазъи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон


Созмони байнулмилалии Amnesty International (AI) ё Афви Байнулмилал таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба далелҳои зиёди нақзи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон ҷалб намуд.

Дар як гузориш бахшида ба вазъи ҳуқуқу озодиҳо дар ин кишвари қафқозӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ба афзоиши фишору таъқиби мухолифин, ходимони ҷамъиятӣ ва хабарнигорон ишора кардаанд.

Amnesty International ёдовар шудааст, ки намоишҳои эътирозии моҳи март дар Озарбойҷон аз сӯи ниҳодҳои қудратӣ саркӯб шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар 17 нафари дар ин намоишҳо боздоштшударо маҳбусони сиёсӣ эълон карданд.

Дар гузориш тасмими ҳукумат барои дар маркази Боку манъ кардани баргузории раҳпаймоиву гирдиҳамоиҳои мухолифин ҳам мавриди интиқод қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG