Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ролкан" Тоҷикистонро ба додгоҳ мекашад?


Раиси ширкати “Ролкан" гуфтааст, ки барои бозпас гирифтани ҳавопаймоҳояш мақомоти Тоҷикистонро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Худи Сергей Полуянов раиси ширкати "Ролкан" низ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дорад, ки моҳи май ифтитоҳ шудааст. Додгоҳи Тоҷикистон Владимир Садовничий шаҳрванди Русия ва Андрей Руденко, ду халабони ширкати шубҳабарангези “Ролкан Инвестмент”-ро рӯзи 8 ноябр барои убури ғайриқонунии марз ва қочоқ ба 8,5 соли зиндон маҳкум карданд ва Сергей Полуянов низ дар ин ҷиноят шарик медонанд.

Ҳарду ҳавопаймои Ан-72, ки бидуни иҷоза қаламрави Тоҷикистон поин шудаанд, дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нигаҳ дошта мешаванд. Боздошти ҳавопаймоҳо ва ҳукми зиндони халабонҳо ғавғову ҳаёҳуеро дар ҷомеаи Русия барангехт ва муносиботи ду кишварро ба ҳадде тира кард, ки то кунун дида нашудааст.

Давлати Русия дар пайи ин ҳукм сафири худро барои машварат ба Маскав фаро хонд, ки ахиран ба Душанбе баргашта ва мавқеъи ҳукумати Русияро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шарҳ додааст. Сафири Русия гуфтааст, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди қазияи халабонҳо «забони муштарак» пайдо кардаанд ва ба ин натиҷа расиданд, ки Душанбеву Маскав ба ҳалли ин вазъи мушкил манфиатдоранд.

Ҳукми халабонҳо, давлати Русияро ба ҳадде ошуфта кард, ки гуфт, ба Тоҷикистон посухи "ҳамвазн" хоҳад дод ва дар пайи ин ваъда ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия шурӯъ кард. Ҳарчанд ба гуфтаи мақомоти Русия, рондани муҳоҷирони тоҷик иртиботе ба қазияи халабонҳо надорад.

Рӯзи сешанбе гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз бадрафтории мақомоти рус бо шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят карданд, ки ба гуфтаи онҳо даста даста онҳоро дастгир ва барои ихроҷ аз Русия омода мекунанд.

Муҳаммад Амин, раиси Федератсиюни муҳоҷирони Русия аз боздошти бештар аз 1500 муҳоҷири кории тоҷик сӯҳбат кард, агарчӣ ба гуфтаи Константин Ромадановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ин арқоми дақиқ нест.

Дар дигар таҳҳавулоти ин қазия дар ниҳоят ширкати “Ролкан Инвестмент” эътироф кард, ки як ҳавопаймои дигари онҳо низ барои надоштани санадҳои лозим дар қаламрави Афғонистон боздошт шудаанд. Пештар аз ин мақомоти ин ширкат мегуфтанд, ки ҳавопаймои боздоштшудаи АН-72 дар фурудгоҳи Кобул аз они онҳо нест. Қазияе, ки мақомоти Русия то кунун дар мавриди он сукут ихтиёр карда буданд ва зоҳиран баъди ин шармсору ҳиҷолатзада хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG