Пайвандҳои дастрасӣ

Як ситоди нерӯҳои ҳавоии Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифт


Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Фаъолони мухолифини Сурия дар бораи як ҳамла ба ситоди хадамоти кашфи нерӯҳои ҳавоии кишвар дар минтақаи Ҳараста, воқеъ дар канори Димишқ хабар доданд.

Бар асари ҳамлаи шабона, ки аз сӯи низомиёни ба нишони эътироз артишро таркнамуда сурат гирифтааст, як қисми бино хароб шуд.

Дар ҳамин ҳол хабар расид, ки ҳайати Сурия дар нишасти вазирони умури хориҷии Лигаи кишварҳи араб дар Марокаш ширкат нахоҳад кард.

Ҳафтаи гузашта Лигаи кишварҳои араб дар нишасте дар Қоҳира ширкати Сурия дар ҳама ҷаласаҳои ин созмон то замони аз сӯи Димишқ иҷро шудани созишҳои пешин оид ба хатми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар кишвар мутавақиф кард.
XS
SM
MD
LG