Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Австралия ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд


Барак Обама ва Ҷулия Гиллард
Барак Обама ва Ҷулия Гиллард
ИМА ва Австралия ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, имрӯз дар ҷараёни сафараш ба Австралия гуфт, ки то миёнаҳои соли 2012 теъдоди низомиёни амрикоӣ ва нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии кишвар дар мавзеъи Дарвини Австралия афзоиш хоҳад ёфт.

Имрӯз Обама дар шаҳри Канберра бо нахуствазири Австралия Ҷулия Гиллард музокирот анҷом дод.

Қарор аст, ки фардо сарвари Амрико дар парлумони Австралия суханронӣ ва нақшаи тақвияти нерӯҳои амриоӣ дар минтақаи Осиёву уқёнуси Оромро ироа кунад.

Имрӯз вазорати умури хориҷии Чин изҳор намуд, ки ба мусоидати тақвияти ҳамкориҳои Амрикову Австралия дар таҳкими сулҳу эътидоли минтақаи Осиёву уқёнуси Ором шубҳа дорад.
XS
SM
MD
LG