Пайвандҳои дастрасӣ

Монтӣ ҳукумати нави Италияро муаррифӣ мекунад


Марио Монтӣ

Марио Монтӣ

Марио Монтӣ, нахуствазири Италия, имрӯз ҳайати ҳукумати навро, ки дар натиҷаи машваратҳо бо нерӯҳои асосии сиёсии кишвар таъсис шудааст, муаррифӣ хоҳад кард.

Монтӣ, иқтисодди шинохта ва амалдори собиқи Комиссиюни Аврупо, ҳафтаи гузашта баъд аз истеъфои Силвио Берлусконӣ нахуствазири Италия таъин шуд. Ахиран аҳзоби асосии сиёсии кишвар пуштибонии худро аз ӯ тайид карданд.

Вазифаи асосии ҳукумати нави Италия – берун кардани кишвар аз бӯҳрони молиявӣ ва ҷилавгирӣ аз вазъи ҳамсон дар Юнону Ирландия ва Португалия унвон шудааст. Охири ҳафтаи гузашта парлумони Италия бастаи чораҳои фаврии сарфаи буҷаро пазируфт.

Марио Монтӣ даъвати баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ дар соли 2012-ро рад кард ва изҳор намуд, ки ҳукумати ӯ то соли 2013 сари қудрат боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG